Даромади наздикони аъзои ҳукумат дар Маҷлиси миллӣ баррасӣ мешавад

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 13 июл даъват намудани иҷлосияи 11-уми палатаи болоии парлумон қарор ба имзо расонид. Дар навбати аввал аъзои Маҷлиси миллӣ тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон»-ро баррасӣ мекунанд, ки дар он пур кардану ба мақомоти андоз супурдани эъломия дар бораи даромадҳо натанҳо барои аъзои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 13 июл даъват намудани иҷлосияи 11-уми палатаи болоии парлумон қарор ба имзо расонид.

Дар навбати аввал аъзои Маҷлиси миллӣ тағйирот ба қонун «Дар бораи ҳукумати Тоҷикистон»-ро баррасӣ мекунанд, ки дар он пур кардану ба мақомоти андоз супурдани эъломия дар бораи даромадҳо натанҳо барои аъзои ҳукумат, балки барои хешовандони наздики онҳо низ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, барои риоя накардани савганди садоқат ба президент аъзои ҳукумат ба масъулияти интизомӣ ҷалб карда мешаванд.

Мутобиқи тағйироти моҳи майи соли гузашта қабулшуда ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, аъзои ҳарду палатаҳои парлумон ба мардум ва аъзои ҳукумат ба президенти ҷумҳурӣ савганди садоқат ёд мекунанд. Шурӯъ аз ҳамин сол беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҳатман ба Ватан савганди садоқат ёд мекунанд. Қаблан танҳо президент ва кормандони сохторҳои қудратӣ савганди садоқат ёд мекарданд.

Ҳанӯз чанд сол қабл бо супориши президент хизматчиёни давлатии Тоҷикистонро уҳдадор карда буданд, ки мувофиқи қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» (моддаи 32) ва «Дар бораи мубориза бо коррупсия» (моддаи 8), ҳамасола дар бораи даромад ва сарчашмаҳои ба даст омадани онҳо ба мақомоти андоз ҳисобот диҳанд.

Ғайр аз ин, соли 2015 ба қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ» тағийрот ворид гардид, ки мутобиқи он ба мансабдорони давлатӣ кушодани суратҳисоб дар бонкҳои хориҷӣ ва харидани амволи ғайриманқул дар хориҷи кишвар манъ шуд, ки ҳадафаш «роҳ надодан барои берун рафтани воситаҳо аз Тоҷикистон» арзёбӣ мешуд.

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи 13 июл ҳамчунин пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи табдили номи чанде аз маҳаллаҳои аҳолинишини кишварро низ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.