Даргузашти шоири маъруф дар Тоҷикистону Ӯзбекистон Улмас Ҷамол

Улмас Ҷамол, шоир ва рӯзноманигори узбакзабони Тоҷикистон, ки аз ӯ шоири “зуллисонайн” ё дузабона ном мебаранд, дар 84-солагӣ дар манзилаш даргузашт. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, наздиконаш гуфтанд, ки ӯ шаби 27-уми июн дунёро падруд гуфт. Улмас Ҷамол зодаи шаҳри Ургути Самарқанд буда, ҳанӯз дар овони хурдсолиаш хонаводаи онҳо ба Сталинободи собиқ, ҳоло Душанбе, кӯчида […]

Радиои Озодӣ

Улмас Ҷамол, шоир ва рӯзноманигори узбакзабони Тоҷикистон, ки аз ӯ шоири “зуллисонайн” ё дузабона ном мебаранд, дар 84-солагӣ дар манзилаш даргузашт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, наздиконаш гуфтанд, ки ӯ шаби 27-уми июн дунёро падруд гуфт.

Улмас Ҷамол зодаи шаҳри Ургути Самарқанд буда, ҳанӯз дар овони хурдсолиаш хонаводаи онҳо ба Сталинободи собиқ, ҳоло Душанбе, кӯчида буд. Ӯ бахши суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1963 то 2012 дар нашрияи узбакзабони “Халқ овози” кор мекард.

Нахустин маҷмӯаи шеъраш соли 1969 чоп шудааст. Дар маҷмуъ, бист китоби ӯро нашр кардаанд.

Улмас Ҷамол чаҳор фарзанд ва ҳашт набера дошт. Духтараш Ҷамила, ки хабарнигору тарҷумон буд, соли 2014 даргузаштааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.