Дабири кулли СҲШ Талбак Назаровро ба ҳузур пазируфт

Дар шаҳри Пекин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Рашид Олимов бо ҳузури сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Талбак Назаровро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ Рашид Олимов саҳми бевосита ва арзандаи собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар таъсис ва рушди СҲШ-ро таъкид намуда, изҳор […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Пекин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Рашид Олимов бо ҳузури сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Талбак Назаровро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Рашид Олимов саҳми бевосита ва арзандаи собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар таъсис ва рушди СҲШ-ро таъкид намуда, изҳор дошт, ки имрӯз Созмон дар таҳкими суботи минтақавӣ ва амниятӣ нақши муҳим дошта, як воситаи муаасир барои густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа миёни давлатҳо маҳсуб меёбад.

Дар навбати худ Талбак Назаров дар робита ба нақши муосири СҲШ таъкид дошт, ки ба натиҷаҳои нишасти СҲШ дар Остона ва ба узвияти Созмон пазируфта шудани ду аъзои нав – Ҳиндустону Покистон ҷомеа ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ин гувоҳи он аст, ки барои рушди минбаъдаи СҲШ заминаҳои зиёд фароҳам аст.

Қобили зикр аст, ки Талбак Назаров дар Пекин ба сифати меҳмони фахрии Форуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.