Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии Ваҳдат дар ҳузури президент

Дар доираи сафар ба шаҳри Ваҳдат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Варзишгоҳи марказии шаҳр бо 25 ҳазор ҷойи нишаст иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои сохтмони варзишгоҳ 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида буд. […]

Asia-Plus

Дар доираи сафар ба шаҳри Ваҳдат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Варзишгоҳи марказии шаҳр бо 25 ҳазор ҷойи нишаст иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои сохтмони варзишгоҳ 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида буд.

Варзишгоҳ аз 6 қисм иборат буда, дар он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва бинои маъмурӣ бунёд гардидааст.

Ҳамчунин оянда дар атрофи варзишгоҳ сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ, сохтмони Маҷмааи “Ваҳдати миллӣ”, Кохи ақди никоҳ ва бинои амфитеатр пешбинӣ шудааст, ки бояд то соли 2018 бунёд гардад.

Гуфта мешавад, санги асос барои бунёди варзишгоҳ 28 августи соли 2014 аз тарафи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, ҳамон вақт Сарвари давлат супориш дода буд, ки ҳамаи корҳои бунёдӣ ва ободонии атрофи варзишгоҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ анҷом дода шаванд.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авлиёхӯҷа” ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Алянс Сомон” иҷро гардидааст. Дар корҳои сохтмону таҷҳизонидани Варзишгоҳ ҳамчунин коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Мунис-С”, “Ҳамсафар”, “Насби Нур”, “Салмон-Сохтмон”, “Фаридун”, “Темурҷон”, “ИМО” ва “Нури Ҳамадон” саҳм гузоштаанд.

Пас аз ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат дар иншооти наву замонавӣ Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Барои иштирок дар ин тадбири муҳим ва таҷлили ботантанаи санаи таърихӣ меҳмонони зиёд аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аҳли зиёи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва сокинону фаъолони шаҳри Ваҳдат ҷамъ омаданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.