Ташрифи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ ба Душанбе

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати баландпояи Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ-ро пешвоз гирифт. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ, ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, вазирони корҳои […]

Asia-Plus

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати баландпояи Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ-ро пешвоз гирифт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – иштирокчиёни аъзои ИДМ, ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, вазирони корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон генерал-полковник Усубов Рамил Идрис оғлу, Ҷумҳурии Беларус генерал-лейтенанти милитсия Шуневич Игор Анатолевич, Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-полковники политсия Қосимов Калмуханбет Нурмуханбетович, Ҷумҳурии Қирғизистон полковники милитсия Исраилов Улан Ҷумабекович, Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович, Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Азизов Абдусалом Абдумавлонович ба Душанбе омаданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа ҳамчунин директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ генерал-лейтенанти политсия Коновалов Олег Федорович, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Молдова Бабин Олег Николаевич, муовини сардори политсияи Ҷумҳурии Арманистон генерал-майори политсия Егиазарян Вардан Волфикович, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Жусупбеков Конисбек Аргингазинович низ ҳузур хоҳанд дошт.

Дар ҷаласаи мазкур баррасии масоили вазъи мубориза бо ҷинояткорӣ дар паҳнои ИДМ, ҳамкории муштарак дар ҳалли мушкилоти фаъолияти оперативӣ-хизматӣ, ҷараёни амалисозии қарорҳо доир ба муборизаи муштарак бо терроризми байнулмилалӣ, дигар зуҳуроти ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар тадбирҳои муштараки таъмини амният дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.