Стипендияи раиси пойтахт барои хонандагону донишҷӯён

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии пойтахт стипендияи Раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, стипендия барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 нафар ба маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи […]

Asia-Plus

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии пойтахт стипендияи Раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, стипендия барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои 200 нафар ба маблағи 250 сомонӣ дар як моҳ ва барои нӯҳ моҳи соли хониш муқаррар шудааст.

Дар қарор зикр мегардад, ки довталабони стипендияи Раиси пойтахт бояд аъло таҳсил намуда, рафтори намунавӣ дошта бошанд ва дар чорабиниҳои муассисаи таълимӣ ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон фаъолона ширкат варзанд.

Гуфта мешавад, довталабони стипендияи Раиси пойтахт аз ҷониби раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуда, минбаъд номзадии онҳоро бар асоси озмун Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт баррасӣ ва тасдиқ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.