Дар Амондараи Панҷакент хонаҳо зери лойу гил монданд

Борони зиёд шоми 26-уми июн дар деҳаи Амондараи Панҷакент сабаби зери лой ва гили ғализ мондани 10 хона шуд, вале хушбахтона касе дар ин фалокат осеб надидааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин русто маҷрои гили ғафс ҷорӣ шуда, девори хонаҳо ҳам то ним зери гил мондаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар додааст, ки […]

Радиои Озодӣ

Борони зиёд шоми 26-уми июн дар деҳаи Амондараи Панҷакент сабаби зери лой ва гили ғализ мондани 10 хона шуд, вале хушбахтона касе дар ин фалокат осеб надидааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар ин русто маҷрои гили ғафс ҷорӣ шуда, девори хонаҳо ҳам то ним зери гил мондаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар умум 6 хона зери гил мондааст ва 10 хона осеб дидааст. Оби сел қисмате аз дарғоти селгузарро вайрон кардааст ва дар натиҷа киштзорҳои мардум ва чанд роҳи байни рустоҳо дар ҷамоати Амондараро вайрон кардааст.

Айни замон дар маҳалли ҳодиса кумисюни Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кор мекунад ва ҳаҷми хисороти расида муайян мешавад. Дар баёнияи расмии кумита омадааст, ки мардуми рустои осебдидаро ба ҷойи амн бурдаанд ва ба онҳо кумакҳои аввалия ба мисли ғизо ва доруворӣ тақсим мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.