Дабири кулли СҲШ Талбак Назаровро ба ҳузур пазируфт

Asia-Plus

Дар шаҳри Пекин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Рашид Олимов бо ҳузури сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, академик, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Талбак Назаровро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохӯрӣ Рашид Олимов саҳми бевосита ва арзандаи собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар таъсис ва рушди СҲШ-ро таъкид намуда, изҳор дошт, ки имрӯз Созмон дар таҳкими суботи минтақавӣ ва амниятӣ нақши муҳим дошта, як воситаи муаасир барои густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа миёни давлатҳо маҳсуб меёбад.

Дар навбати худ Талбак Назаров дар робита ба нақши муосири СҲШ таъкид дошт, ки ба натиҷаҳои нишасти СҲШ дар Остона ва ба узвияти Созмон пазируфта шудани ду аъзои нав – Ҳиндустону Покистон ҷомеа ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, ин гувоҳи он аст, ки барои рушди минбаъдаи СҲШ заминаҳои зиёд фароҳам аст.

Қобили зикр аст, ки Талбак Назаров дар Пекин ба сифати меҳмони фахрии Форуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиё қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.