Даргузашти шоири маъруф дар Тоҷикистону Ӯзбекистон Улмас Ҷамол

Радиои Озодӣ

Улмас Ҷамол, шоир ва рӯзноманигори узбакзабони Тоҷикистон, ки аз ӯ шоири “зуллисонайн” ё дузабона ном мебаранд, дар 84-солагӣ дар манзилаш даргузашт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, наздиконаш гуфтанд, ки ӯ шаби 27-уми июн дунёро падруд гуфт.

Улмас Ҷамол зодаи шаҳри Ургути Самарқанд буда, ҳанӯз дар овони хурдсолиаш хонаводаи онҳо ба Сталинободи собиқ, ҳоло Душанбе, кӯчида буд. Ӯ бахши суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1963 то 2012 дар нашрияи узбакзабони “Халқ овози” кор мекард.

Нахустин маҷмӯаи шеъраш соли 1969 чоп шудааст. Дар маҷмуъ, бист китоби ӯро нашр кардаанд.

Улмас Ҷамол чаҳор фарзанд ва ҳашт набера дошт. Духтараш Ҷамила, ки хабарнигору тарҷумон буд, соли 2014 даргузаштааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.