Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии Ваҳдат дар ҳузури президент

Asia-Plus

Дар доираи сафар ба шаҳри Ваҳдат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Варзишгоҳи марказии шаҳр бо 25 ҳазор ҷойи нишаст иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои сохтмони варзишгоҳ 47 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр ва 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ пешбинӣ гардида буд.

Варзишгоҳ аз 6 қисм иборат буда, дар он иншооти гуногуни хизматрасонӣ, аз қабили меҳмонхона, толорҳои варзишӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ ва бинои маъмурӣ бунёд гардидааст.

Ҳамчунин оянда дар атрофи варзишгоҳ сохтмони боғи фарҳангию фароғатӣ, сохтмони Маҷмааи “Ваҳдати миллӣ”, Кохи ақди никоҳ ва бинои амфитеатр пешбинӣ шудааст, ки бояд то соли 2018 бунёд гардад.

Гуфта мешавад, санги асос барои бунёди варзишгоҳ 28 августи соли 2014 аз тарафи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, ҳамон вақт Сарвари давлат супориш дода буд, ки ҳамаи корҳои бунёдӣ ва ободонии атрофи варзишгоҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию сохтмонӣ анҷом дода шаванд.

Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авлиёхӯҷа” ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Алянс Сомон” иҷро гардидааст. Дар корҳои сохтмону таҷҳизонидани Варзишгоҳ ҳамчунин коргарону мутахассисони ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Мунис-С”, “Ҳамсафар”, “Насби Нур”, “Салмон-Сохтмон”, “Фаридун”, “Темурҷон”, “ИМО” ва “Нури Ҳамадон” саҳм гузоштаанд.

Пас аз ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат дар иншооти наву замонавӣ Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи идона ба ифтихори 20 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Барои иштирок дар ин тадбири муҳим ва таҷлили ботантанаи санаи таърихӣ меҳмонони зиёд аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, аҳли зиёи кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва сокинону фаъолони шаҳри Ваҳдат ҷамъ омаданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...