Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироту иловаҳои моҳи октябри соли гузашта қабулшуда ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона бекор кард. Мувофиқи ин тағйирот, кормандони КДАМ Тоҷикистон ба ворид шудан ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷозаи онҳо ва қарори суд ҳуқуқ пайдо мекарданд. Аммо палатаи болоии парлумон ин тағйироту иловаҳоро тасдиқ накард.
Рӯзи панҷшанбе раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров бидуни шарҳи сабаб ба вакилон пешниҳод кард, ки тағйироту иловаҳои қабулшуда бекор карда шаванд. Ӯ ҳатто дар бораи маҳз кадом тағйироту иловаҳоро дар назар доштанаш маълумот надод.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи «Азия-Плюс» дар ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки имрӯз вакилон тағйироти қабулшуда ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ»-ро бекор кардаанд.
«Тавре маълум шуд, зимни қабули ин тағйироту иловаҳо ба поймол гардидани чанде аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон роҳ дода шудааст», – гуфт манбаъ ва аз ифшои ҷузъиёти масъала худдорӣ намуд.
Моҳи октябри соли 2016 раиси КДАМ Тоҷикистон ба вакилон дар мавриди ин масъала изҳор дошта буд, ки «ба ворид шудани кормандони КДАМ ба манзилҳои шаҳрвандон бидуни иҷоза дар ҳолатҳое ҳуқуқ дода мешавад, ки агар пайдошавии таҳдиди воқеъии содир шудани амали террористӣ, ба саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ хатар эҷод кардани он ва зарурати озод кардани гаравгонон вуҷуд дошта бошад».
«Ғайр аз ин, дар тағйироту илова тартибу қоидаҳои истифода аз қувваи ҷисмонӣ, аслиҳа, техникаи махсус аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ зимни пайдошавии хатари воқеъии содир шудани амали террористӣ муқаррар карда шудааст, – зикр карда буд раиси КДАМ.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар навбати худ аз рӯзноманигорон дархост намуда буд, ки маълумот доир ба тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонун дар бораи мақомоти амнияти миллиро дурусту саҳеҳ барои шаҳрвандон инъикос намоянд.
«Чунин навиштан лозим нест, ки кормандони КДАМ кадом вақте хоҳанд бидуни иҷоза ба манзили шаҳрвандон ворид мешаванд. Ба онҳо танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ чунин ҳуқуқ дода мешавад, зеро уҳдадоранд, ки барои таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ҳамаҷониба чораҷӯйӣ кунанд», – қайд карда буд раиси палатаи поёнии парлумон.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин хотиррасон намуда буд, ки дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои зарар ба манзил ва амвол ҳангоми баргузор намудани амалиёти зиддитеррористӣ, аз ҷониби ҳукумат барои шаҳрвандони ҷуброни он пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон санаи 16 феврали соли равон аз ин тағйироту иловаҳо ба қонун, ки палатаи поёнии парлумон қабул карда буд, ҷонибдорӣ накард.
Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев мухолифи онҳо изҳори назар карда, пешниҳод кард, ки вакилон бори дигар онҳоро мавриди омӯзиш қарор диҳанд, зеро ба ақидаи ӯ, байни таъмини амният ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳудуд гузоштан зарур аст.
Тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» дар ниҳояти кор имрӯз бекор шуда, мавриди амал қарор нагирифтанд.


