JICA рушди бахши энергетикаи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад

Иттилоияи расмӣ

Байни Тоҷикистон ва Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ ба маблағи 2,190 млн. иенаи ҷопонӣ (тақрибан 20 млн. доллари ИМА) доир ба «Лоихаи беҳгардонии зеристгоххои барқӣ дар Душанбе» созишномаи грантӣ ба имзо расид.

Созишномаи мазкур аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Абдусалом Қурбониён ва роҳбари JICA дар Тоҷикистон, ҷаноби Хидеки Танабе имзо гардид.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи ШСХК «Барқи тоҷик» таҳти роҳнамоии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.

Мақсади лоиҳа баланд бардоштани устувории таъминоти доимӣ ва босамари кувваи барқ дар шаҳри Душанбе тавассути барқарор намудани зеристгоҳи «Промышленная» ва сохтмони зеристгоҳи «Радиостанция» ва ҳамин тавр, мусоидат намудан ба рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Аксари зеристгоҳҳои барқие, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгир гаштаанд дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ сохта шуда, таҷҳизотхои дар онҳо васлгардида аз меъёр чандон зиёд истифода шудаанд. Баъд аз ба анҷом расидани лоиҳаи мазкур сокинон, соҳаи саноат ва иншоотҳои иҷтимоии шаҳри Душанбе бо қувваи барқи устувори доимӣ таъмин гашта, дараҷаи сербории зеристгоҳҳои амалкунанда ба таври назаррас кам мегардад.   

Бояд қайд намуд, ки лоиҳаи мазкур яке аз лоиҳаҳои аввалини JICA дар соҳаи энергетика мебошад ва JICA тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ рушди соҳаи энергетикаро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад.

JICA ҳамкориҳои техникии худро бо Тоҷикистон аз соли 1993 бо даъват намудани хизматчиёни давлатӣ бо мақсади донишомӯзӣ дар Ҷопон ва азхуд намудани таҷрибаи Ҷопон оид ба рушди идоракунии давлат ва рушди соҳаи макроиқтисодӣ оғоз намуд. Ба охири моҳи марти соли 2016 шумораи умумии иштирокчиёни Барномаи курсҳои омӯзишӣ, ки расман ҳамчун курсҳои омӯзишии JICA эътироф гардидааст, зиёда аз 2000 нафарро ташкил дод.

Дафтари Намояндагии Ҷопон дар Тоҷикистон соли 2006 ба фаъолияти худ шурӯъ карда ва аз он ҷониб лоиҳаҳои гуногуни бебозгашт ва техникӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаёти мардуми Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таъмини оби нӯшокии бехатар, ҳифзи саломатии модар ва кўдак, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ тавассути рушди хоҷагии қишлоқ, беҳтар намудани инфрасохтори роҳ, авиатсия ва энергетика, барнома оиди идоракунии сарҳад ва барнома оиди рушди иктидор амалӣ гаштаанд.

JICA дар маҷмӯъ 31 лоиҳаҳоро амалӣ намуд (баъзе дар ҳолати амалишавӣ қарор доранд), ки аз он 88,02 млн. доллари ИМА кумаки техникӣ буда, 255,15 млн. доллари ИМА кумаки бебозгашт мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...