Рустами Эмомалӣ тоҷирони «Корвон»-ро ду сол аз пардохтпулиҳо озод кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз намояндагони дӯкону фурӯшгоҳҳои бозори «Корвон»-ро, ки аз сӯхтори шаби 2 июл осеб диданд, ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳр супориш додааст, ки ҳамаи тоҷирони дӯкону фурӯшгоҳҳои аз сӯхтор осебдида ба муҳлати ду […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз намояндагони дӯкону фурӯшгоҳҳои бозори «Корвон»-ро, ки аз сӯхтори шаби 2 июл осеб диданд, ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдори шаҳр супориш додааст, ки ҳамаи тоҷирони дӯкону фурӯшгоҳҳои аз сӯхтор осебдида ба муҳлати ду сол аз маблағи иҷора ва пардохтҳои якдафъаина барои даромади бозор озод карда шаванд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сар задани сӯхтор дар бозори бузургтарини кишвар – «Корвон»-ро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ унвон кард.

Қобили зикр аст, ки дар бозори «Корвон» чандин маротиба сӯхтор рух дод. Тобистони соли 2011 дар маҷмаии савдои «Элегант»-и бозор сӯхтор рух дода буд.

Моҳи сентябри соли 2012 низ соатҳои шаши бегоҳи дирӯз дар қисмати яклухтфурӯшии бозори «Корвон» якбора дар якчанд ҷой сӯхтор сар зада, моҳи октябри ҳамин сол барқарор карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.