Писари Гулмурод Ҳалимов ба 10 соли зиндон маҳкум шуд

Asia-Plus

Суди шаҳри Душанбе нисбати писари собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки моҳи апрели соли 2015 барои пайвастан ба сафҳои Давлати исломӣ аз Тоҷикистон фирор карда буд, ҳукм содир кард.

Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола ҳанӯз нимаи дуюми моҳи гузашта ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда, вале ба “Азия-Плюс” танҳо ҳамин рӯз муяссар шуд, ки ин маълумотро аз суди пойтахт дарёфт намояд.

Беҳрӯз Ҳалимов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 32 (тайёрӣ ба ҷиноят ва суиқасд ба ҷиноят) ва 401 (зархаридӣ) гунаҳкор дониста шудааст.

Дар суд зикр карданд, ки Беҳрӯз Ҳалимов тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо шиносҳои падараш дар тамос шуда, бо мусоидати онҳо барои пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ ба Ироқ ё Сурия рафтанӣ будааст.

Зимнан зикр гардид, ки барои аз болои қарори суд ба зинаи таҷдиди назар шикоят бурдан маҳкумшуда ва хешону наздикони ӯ 10 рӯз вақт доштанд, вале аз ин ҳуқуқашон истифода накардаанд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Беҳрӯз Ҳалимовро рӯзи 17 апрел дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе боздошт намуданд. Ӯ ба Маскав парвоз карданӣ буд.Тариқи Маскав минбаъд ӯ ба Ироқ ё Сурия раҳсипор шуданӣ будааст.

Беҳрӯз Ҳалимов соли гузашта мактабро хатм намуда, дар зодгоҳаш – Дараи Фони ноҳияи Варзоб ба савдои хурд машғул буд.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар задухӯрд бо кормандони милитсия, ки шаби 4 июл дар деҳаи Ибратии ноҳияи Восеъ рух дод, чор хеши наздики собиқ корманди ВКД полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов – ду бародар ва ду ҷияни ӯ ҳангоми муқовимати мусаллаҳона ба кормандони милитсия кушта шуданд.

Бино ба маълумоти ВАО, дар ин задухӯрд 2 шахси наздики Гулмурод Ҳалимов – бародаронаш Фозил Ҳалимов ва Султон Ҳалимов, ҷиянаш Афзал Абдурашидов ва ҳамсояаш Насим Раҳимов кушта ва боз 3 нафар хешони дигари ӯ – Алӣ Ҳалимов, Комил Ҳалимов ва Назир Ҳалимов боздошт шудаанд.

Рӯзи 15 апрели соли равон маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов маълумот дод.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба полковник дар Тоҷикистон мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ӯ ба ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...