Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз суръати амалисозии лоиҳаи CASA-1000

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи CASA-1000 суръати бештар бахшида шавад. “Аз назари мо, раванди татбиқи Лоиҳа аз муҳлати пешбинишуда ақиб мемонад. Аз ин хотир зарур мешуморем, ки ба кундшавии раванди татбиқи лоиҳаи КАСА -1000 имкон надиҳем ва талошҳои муштаракро дар самтҳои ҷудогона тақвият бахшем”, – изҳор дошт ӯ зимни […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи CASA-1000 суръати бештар бахшида шавад.

“Аз назари мо, раванди татбиқи Лоиҳа аз муҳлати пешбинишуда ақиб мемонад. Аз ин хотир зарур мешуморем, ки ба кундшавии раванди татбиқи лоиҳаи КАСА -1000 имкон надиҳем ва талошҳои муштаракро дар самтҳои ҷудогона тақвият бахшем”, – изҳор дошт ӯ зимни суханронӣ дар мулоқоти Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии тарҳи КАСА -1000.

Сарвари давлати Тоҷикистон чунин мешуморад, ки ҳамаи чорабиниҳо бояд тибқи нақша ва дар муҳлатҳои таъйиншуда амалӣ шаванд.

Ғайр аз ин, қайд кард Эмомалӣ Раҳмон, мувофиқи мақсад медонем, ки қарорҳои дахлдор қабул шаванд ва ҳарчи зудтар бунёди ҷузъҳои алоҳидаи Лоиҳа дар қаламрави чаҳор кишвар оғоз гардад.

Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард, ки талошҳои Ҳукумати Афғонистон ҷиҳати оғози ҳарчи зудтари сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати доимӣ дар дохили ин кишвар, ки ҷузъи таркибии ин тарҳ маҳсуб мешавад ва расмиёти тендерии он ба анҷом расидааст,  ҳаматарафа дастгирӣ ёбанд.

Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки сохтмони зиёда аз 1342 км хатти интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва истифодаи таҷҳизоти навтарин дар назди мутахассисони соҳаи энергетика вазифаҳои иловагӣ ва ҷиддӣ гузошта, барои ҳалли саривақтии онҳо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзои Лоиҳа ва шарикони рушд муҳим аст.

Ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи пешбурди лоиҳаи КАСА-1000 дар солҳои охир нишон дод, ки баррасии роҳҳои муносибгардонии фаъолияти василаҳои идоракунии Лоиҳа зарур буда, шароити тағйирёбандаи берунӣ ва минтақавӣ, таҳдидҳо ва хатарҳои замони муосир аз мо иқдомҳои муассир ва қатъиро ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра анҷом додани Лоиҳа тақозо мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки тибқи баъзе ҳисобҳо, ҳар сол бо сабаби ба таъхир афтодани татбиқи Лоиҳа кишварҳои аъзо, дар маҷмӯъ, беш аз 500 миллион доллари ИМА зарар мебинанд.

“Аз ин рӯ, мо пешниҳод мекунем, ки вохӯриҳои мунтазами шахсони расмии чаҳор кишвар, ки салоҳияти қабул кардани қарорҳоро доранд, баргузор шаванд”, – гуфт ӯ.

Илова бар ин, идома дод Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳод дорем, ки имконияти баргузории вохӯриҳои ҳарсолаи сатҳи баланди кишварҳои иштирокчии Лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирад.

Сарвари давлати Тоҷикистон қайд кард, ки ҷараёни амалисозии лоиҳаи CASA-1000 моҳи майи соли гузашта оғоз гардида, Тоҷикистон имкон дорад тавассути афзоиши иқтидорҳои тавлиди неруи барқи худ интиқоли онро тамоми сол таъмин намояд.

“Дар ин самт тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо пайваста чораҳои зарурӣ андешида шуда, аллакай ду неругоҳи барқи обии миёна ва силсилаи неругоҳҳои хурд бо иқтидори зиёда аз 1200 мегаватт сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд, – иброз дошт ӯ. – Мо ба нақша гирифтаем, ки дар охири соли 2018 агрегати аввали  неругоҳи бузурги  Роғунро  ба истифода диҳем ва ҳамзамон ҷиҳати зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолии иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли неруи барқ чандин лоиҳаҳо мавриди иҷро қарор доранд ё ба анҷом расонида шудаанд”.

Анҷоми амалисозии лоиҳаи CASA-1000 соли 2020 ба нақша гирифта шуда, маблағи зарурӣ барои татбиқи он 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.