Панҷ самбочии тоҷик дар Тошканд қаҳрамони Осиё шуданд

Дар ин мусобиқа ҳудуди 500 нафар варзишгарон аз беш аз 20 кишвари дунё ширкат варзида, намояндагони Тоҷикистон 5 медали тилло ба даст оварданд. Дар мусобиқаҳои калонсолон Акмалиддин Каримов (57 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (68 кг), Мубориз Мунавваров (74 кг), миёни наврасон Сомон Сангов (52 кг) ва Ҷаҳонгир  Авазов (65 кг) ба унвони қахамони Осиё ноил гардиданд. […]

Asia-Plus

Дар ин мусобиқа ҳудуди 500 нафар варзишгарон аз беш аз 20 кишвари дунё ширкат варзида, намояндагони Тоҷикистон 5 медали тилло ба даст оварданд.

Дар мусобиқаҳои калонсолон Акмалиддин Каримов (57 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (68 кг), Мубориз Мунавваров (74 кг), миёни наврасон Сомон Сангов (52 кг) ва Ҷаҳонгир  Авазов (65 кг) ба унвони қахамони Осиё ноил гардиданд.

Умед Ҳасанбеков (90 кг) миёни калонсолон, Абдумаҷид Нуралиев (81 кг), Шарифҷон Назриев (87 кг) миёни наврасон, Суҳроб Исматов (57 кг) ва Абдулҳамид Муҳибов (100 кг) дар мусобиқа байни ҷавонон ба дарёфти медалҳои нуқра шарафёб гардиданд.

Ғайр аз ин дар мусобиқаи самбои муҳорибавӣ Табрезшо Парпишоев (74 кг) ва Фаридун Одилов (90 кг) боз ду медали нуқра гирифтанд.

Варзишгарони зерин ба дарёфти медалҳои биринҷӣ ноил гардиданд:

– Ҷомии Ҳасан (52 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Шамшод Абдуллоев (100 кг) миёни калонсолон;

– Давлатшоҳ Давлатов (56 кг), Фаррух Ҳалимов (60 кг), Диловар Холов (75 кг), Вайсиддин Соибов (87 кг) миёни наврасон;

– Муминҷон Холов (48 кг), Умедҷон Муҳиддинов (62 кг), Саидҷони Ҳайдар (68 кг), Субҳиддин Шамсиддинов (70 кг), Алӣ Шарифов (74 кг), Меҳрнӯши Иззатшо (82 кг) дар рақобатҳо байни ҷавонон, Азиза Азизова (80 кг) миёни духтарон;

– Фирдавс Фозилбеков (82 кг) дар самбои муҳорибавӣ.

Дар остонаи оғози мусобиқа дар Тошканд ҳамчунин конгресси Иттифоқи самбои Осиё доир гардида, аз рӯи натиҷаи интихобот намояндаи Тоҷикистон Маҳмуд Абдулло дар вазифаи ноиби аввали президенти Иттифоқи самбои Осиё боқӣ монд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.