Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Оғози Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни кадетҳо ва наврасон дар Қирғизистон бо иштироки дастаи Тоҷикистон;

– Нишасти хабарии Академияи илмҳои ҶТ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017. Оғоз соати 09:00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ;

– Нишасти хабарии Кумитаи ҷавонон ва варзиши ҶТ оид ба ҷамъбасти фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017. Оғоз соати 11:00 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8005 сомонӣ;

1 евро – 10.0836 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1427 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1930 – Дар Монтевидео маросими ифтитоҳи мусобиқоти аввалини Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол баргузор шуд.

1962 – Сохта шудани нахустин трактори чархадори К-700 «Кировец».

1993 — Гурӯҳи сершумори ҷангиёни мухолифини тоҷик, ки дар Афғонистон қарор доштанд, ба бошишгоҳи дастаи 12-уми Гурӯҳи марзбонии Маскав (феълан дастаи ба номи 25 қаҳрамони дастаи сарҳадбонии Шӯрообод) ҳамла карданд.

1925 – Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Куинова.

1931 – Мавлуди нависанда Басир Расо.

1941 – Зодрӯзи коргардони кино Бақо Содиқов.

1960 – Мавлуди сароянда Раҳматулло Ҳошимов.

1972 – Зодрӯзи оҳангсоз Равшан Баротов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +38+43; дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +5+10, рӯзона +18+23.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +40+42.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +29+31.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...