Пешниҳоди бозбинии андозаи ҷиҳози арӯс

Кумитаи умури дини Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки андозаи ҷиҳозе, ки арӯсон баъди издивоҷ ба хонаи домод мебаранд, кам карда шавад. Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита Азизулло Мирзозода дар ин робита изҳор намуд, ки бояд ҳуҷчате омода гардад, ки ҷараёни ҷамъоварии ҷиҳози арӯсро танзим созад. “Хеле душвор аст, вақте духтар ва волидони ӯ […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Кумитаи умури дини Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки андозаи ҷиҳозе, ки арӯсон баъди издивоҷ ба хонаи домод мебаранд, кам карда шавад.

Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита Азизулло Мирзозода дар ин робита изҳор намуд, ки бояд ҳуҷчате омода гардад, ки ҷараёни ҷамъоварии ҷиҳози арӯсро танзим созад.

“Хеле душвор аст, вақте духтар ва волидони ӯ бояд пурра манзили навхонадоронро бо мебелу ҷиҳоз ва дигар лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин кунанд, ҳарчанд манзилро ҷониби домод пешниҳод мекунад, – қайд кард ӯ. – Ин кор боадолатона нест, чунки қисмати зиёди хароҷот маҳз ба дӯши ҷониби арӯс рост меояд”.

Мирзозода қайд кард, ки Кумита ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар Тоҷикистон шартномаи ақди никоҳ (издивоҷ) ҷорӣ шавад, то ки ба туфайли онҳо дар сурати азҳампошии оилаҳо тақсими амвол осонтар шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.