Ронандаи ЗИЛ-е, ки бар асари садамаи он 7 кас ҳалок шуд, ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд

Ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи ЗИЛ, ки ҳудуди 25 нафар аз маросими ҷанозаву дафн дар он нишаста буданду бо суръати баланд ба дарахт бармхӯрд, ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд. Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 11 март дар наздикии қабристон баъди маросими дафни як сокини шаҳри Ваҳдат рух дод. Ҳудуди 25 нафар иштирокчиёни маросими […]

Asia-Plus

Ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи ЗИЛ, ки ҳудуди 25 нафар аз маросими ҷанозаву дафн дар он нишаста буданду бо суръати баланд ба дарахт бармхӯрд, ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд.

Ёдрас мекунем, ки ин ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 11 март дар наздикии қабристон баъди маросими дафни як сокини шаҳри Ваҳдат рух дод. Ҳудуди 25 нафар иштирокчиёни маросими ҷанозаву дафн барои бозгашт аз қабристон ба шаҳр ба автомашинаи тамғаи «ЗИЛ» савор шуда, дар нишебӣ тормозҳои он кор намекунанд ва мошин бо суръати баланд ба дарахт бармехӯрад.

Дар натиҷа 7 нафар мусофирони автомашинаи мазкур, сокинони шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 13 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Прокуратураи генералии ҶТ, Б.Маҷидов ба риоя накардани талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла дар қисми болои автомашина ҷойи борбардории он ғайриқонунӣ зиёда аз 25 нафар мусофиронро савор кардан гунаҳкор дониста шудааст.

Гуфта мешавад, бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат Маҷидов Б.З. дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 212 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор  дониста  шуда, ба  муҳлати 7 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда  шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.