Зойирини аввалини тоҷик 16 август ба ҳаҷ сафарбар мешаванд

Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик ҷиҳати адои маросими ҳаҷ рӯзи 16 август ба Ҷидда раҳсипор мешаванд. Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза таъкид дошт, ки тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, имсол ду ширкати ҳавопаймоии ҳарду давлат – “Сомон Эйр” ва Flynas ба ҳаҷравандагон […]

Гурӯҳи аввалини зойирини тоҷик ҷиҳати адои маросими ҳаҷ рӯзи 16 август ба Ҷидда раҳсипор мешаванд.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза таъкид дошт, ки тибқи созишҳои ҳосилшуда миёни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, имсол ду ширкати ҳавопаймоии ҳарду давлат – “Сомон Эйр” ва Flynas ба ҳаҷравандагон хизматгузорӣ мекунанд.

Парвозҳо ба шаҳри Ҷидда аз ду шаҳри Тоҷикистон – Душанбе ва Хуҷанд сурат мегиранд. То охири моҳи август тамоми зойирини тоҷикистонӣ ба ҳаҷ раҳсипор хоҳанд шуд.

Арзиши ҳаҷ барои тоҷикистниён имсол 32 ҳазору 671 сомонӣ (тибқи қурби ҳозира – беш аз 3 ҳазору 630 доллар) муқаррар шудааст. Шумори квотаҳо ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ бетағйир – 6,3 ҳазор нафар боқӣ мондааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.