Вазорати тандурустӣ ба ҷодугарон бовар надорад, вале онҳо ҳузур доранд…

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки шахсан ба ҷодугарон бовар надорад. Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1000 нафар ошкор шудаанд, ки ғайриқонунӣ ба тарзу усулҳои ғайриммаъмулӣ ба молиҷаи беморон машғуланд. «Нисбати ин шахсон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла аз онҳо доир дигарбора ба ин […]

Манижа Қурбонова, Asia-Plus

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки шахсан ба ҷодугарон бовар надорад.

Зикр гардид, ки дар ҷумҳурӣ ҳудуди 1000 нафар ошкор шудаанд, ки ғайриқонунӣ ба тарзу усулҳои ғайриммаъмулӣ ба молиҷаи беморон машғуланд.

«Нисбати ин шахсон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, аз ҷумла аз онҳо доир дигарбора ба ин гуна фаъолият машғул нашуданашон баёнот гирифта шуд», – иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, шумори табибони халқӣ дар ҷумҳурӣ, ки гувоҳномаи давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ доранд, 146 нафар (ҳамин давраи соли гузашта – 133 нафар)-ро ташкил дода, фаъолияти онҳо доимо таҳти назорати комиссияи махсус қарор дорад.

Мувофиқи назарсанҷии соли 2012 гузаронидашуда, ҳар кадоме аз 10 нафар пурсидашудагон миёни аҳолии кишвар ҳадди ақал як бор ба ҷодугарон муроҷиат кардаанд ва қобили зикр аст, ки миёни мардум ҷодугарон то ҳол писандидаанд.

Ба қавли худи ҷодугарону фолбинон, ба онҳо аксар вақт мансабдорони воломақом ва тоҷирони доро муроҷиат мекунанд.

То соли 2007 дар қонунгузории ҷумҳурӣ барои ҷодугарӣ муҷозот пешбинӣ нагардида буд. Танҳо соли 2015 ба Кодекси ҳуқуқвайронукии маъмурӣ моддаи нав дохил гардида, мутобиқи он дар сурати исботи гуноҳи фолбину ҷодугарон, ба онҳо дар ҳаҷми аз 600 то 1200 сомонӣ ҷарима муқаррар шуд.

Ду сол пеш ҳамчунин ба Кодекси ҷиноии ҶТ низ дар ин робита тағйирот ворид шуда, барои қонуншиканӣ ба ҷодугарону фолбинон то 7 соли зиндон ҷазо таъин шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.