Баррасии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов мулоқот намуда, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор доштанд, ки робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои гуногун дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, барои идомаи бобарори онҳо талошу иқдомҳои ҳарду ҷониб бояд васеъ истифода бурда шаванд.

Ҷонибҳо бар он ҳамфикр буданд, ки муносибатҳои судманд ва дӯстии мардумони Тоҷикистону Туркманистон аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, имрӯз муколамаи доимии сиёсӣ ва заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи зарурӣ нигоҳ дошта шудааст.

Барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла, таъмини доимии робитаи мустақими ҳавоӣ, сохтмони роҳҳои оҳани минтақавӣ, муштаракоти бештар дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳангу тандурустӣ зарурияти фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, таъмини муколамаи доимии доираи соҳибкорону ширкатҳои давлатӣ, ташкили Шӯрои корӣ ва ифтитоҳи Хонаҳои тиҷоратӣ таъкид карда шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки лоиҳаҳои инфрасохтории бузург, ки ҳарду давлат дар татбиқи онҳо иштирок менамоянд омили муҳими рушди устувор ва ҳамгироии бобарор дар доираи минтақа ба ҳисоб мераванд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии Тоҷикистону Туркманистон дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, масоили таъмини амнияту бехатарӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидоловарии вазъи сиёсию низомии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.