Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Аз 17 то 21 июл дар наздикии машқгоҳи «Фахробод» тамринҳои саҳроии хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону ва ИМА доир мегардад; – Дар майдонҳои тенниси «Тоҷварз» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон (дар қаламрави Варзишгоҳи марказии Душанбе) мусобиқаи теннис барои дарёфти Ҷоми Федератсия шурӯъ мешавад; – Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 нишасти хабарии Суди […]

Asia-Plus

АНОНС

– Аз 17 то 21 июл дар наздикии машқгоҳи «Фахробод» тамринҳои саҳроии хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистону ва ИМА доир мегардад;

– Дар майдонҳои тенниси «Тоҷварз» ва «Роҳи оҳани Тоҷикистон (дар қаламрави Варзишгоҳи марказии Душанбе) мусобиқаи теннис барои дарёфти Ҷоми Федератсия шурӯъ мешавад;

– Оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2017 нишасти хабарии Суди олии Тоҷикистон баргузор мешавад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8114 сомонӣ;

1 евро – 10.0600 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1449 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2001 – Мушовири давлатии президент оид ба масоили байнулмилалӣ Каримҷон Юлдошев дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расид.

1906-1990 – Зодрӯзи олими таърихшинос, ректори нахустини Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон академик Зариф Раҷабов.

1936-1996 – Мавлуди доктори улуми биологӣ Усмон Холдоров.

1942 – Зодрӯзи нависанда Ҳоҷӣ Мурод.

1957 – Мавлуди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Набӣ Акрамов.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +32+37; дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +19+24.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +37+42; дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона +12+17, рӯзона +28+33; дар шарқ шабона +5+10 рӯзона +18+23.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +35+40; дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +38+40.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +30+32.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.