Расулзода: Тақдири сокинони аз офат осебдидаи Хостав зери назорати дақиқи президент аст

Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зимни боздид аз макони аз офат осебдидаи деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз, ки баъди фаромадани ярч 22 манзили аҳолӣ зери об монд, ба сокинони осебдида итминон дод, ки тақдири онҳо зери назорати дақиқи раҳбарияти кишвар қарор дорад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, ӯ изҳор намуд, ки оилаҳое, ки беманзил […]

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода зимни боздид аз макони аз офат осебдидаи деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз, ки баъди фаромадани ярч 22 манзили аҳолӣ зери об монд, ба сокинони осебдида итминон дод, ки тақдири онҳо зери назорати дақиқи раҳбарияти кишвар қарор дорад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, ӯ изҳор намуд, ки оилаҳое, ки беманзил мондаанд, ба макони амну бехавф кӯчонида шуда, ҷойи он аллакай муайян карда шудааст ва дар ин мавзеъ барои онҳо манзилҳои нав сохта мешаванд.

Сарвазир ба раҳбарияти вилоят дастур дод, ки ҷараёни сохтмони манзилҳо таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад, то ки пеш аз фарорасии сармо осебдидагон ба манзилҳои нав соҳиб шаванд.

Ӯ ҳамчунин ба раҳбарияти вилоят ва ноҳияи Дарвоз дастур дод, ки ҳарчи зудтар ҳисобу китоби ҳаҷми зиёни расида аз офатро ба анҷом расонанд, то ки ҳаҷми кумак ба осебдидагон муайян карда шавад.

Ғайр аз ин, сарвазир супориш дод, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи зериобмондаи Душанбе – Кӯлоб – Дарвоз дар фурсати кӯтоҳтарин барқарор карда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.