Дар пайи сангреза автомашина ба соҳили дарёи Хингоб чаппа шуд

Бар асари резиши сангпораҳо аз кӯҳ дар километри 51-уми шоҳроҳи Лабиҷар – Сангвор – Дарвоз ронанда ва боз 2 нафар мусофирони  автомашина ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин ҳодиса ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Рӯшон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба соҳили дарёи Хингоб чаппа […]

Asia-Plus

Бар асари резиши сангпораҳо аз кӯҳ дар километри 51-уми шоҳроҳи Лабиҷар – Сангвор – Дарвоз ронанда ва боз 2 нафар мусофирони  автомашина ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин ҳодиса ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Старекс”, марди 24-солаи сокини ноҳияи Рӯшон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба соҳили дарёи Хингоб чаппа кардааст.

Гуфта мешавад, мутаассифона мусофирони дохили автомшина зани 22-солаи сокини ноҳияи Рӯшон ва зани 52-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Зикр мегардад, ки инчунин, зани 43-солаи сокини ноҳияи Дарвоз, зани 80-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва ноболиғон: духтарчаҳои 10 ва 11-солаи сокинони ноҳияи Дарвоз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.