Мусодираи беш аз 1 ҳазор тонна маҳсулоти пастсифат

Кормандонии Агентии “Тоҷикстандарт” аз оғози сол беш аз 1 ҳазор тонна маҳсулоти ғайримутобиқ ба меъёрҳо ё муҳлати истифодаашон гузаштаву вайрон ва пастсифатро мусодира намуданд. Тавре директори Агентӣ Ибодулло Қурбониён зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, миёни маҳсулоти хӯроквории мусодирашуда 71 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 339 тонна равғани растанӣ, 16 тонна маснӯоти макронӣ, 93 тонна маснӯоти қаннодӣ, 69 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кормандонии Агентии “Тоҷикстандарт” аз оғози сол беш аз 1 ҳазор тонна маҳсулоти ғайримутобиқ ба меъёрҳо ё муҳлати истифодаашон гузаштаву вайрон ва пастсифатро мусодира намуданд.

Тавре директори Агентӣ Ибодулло Қурбониён зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, миёни маҳсулоти хӯроквории мусодирашуда 71 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 339 тонна равғани растанӣ, 16 тонна маснӯоти макронӣ, 93 тонна маснӯоти қаннодӣ, 69 тонна маҳсулоти ширӣ, 66 тонна консерваҳо, 37 тонна чой, какао, қаҳва, 11 тонна иловаҳои гуногуни ғизойӣ, 10 тонна сабзавоту мева ва дигар маҳсулот ҷой дорад.

Ба гуфтаи Қурбониён, қисмати асосии ин маҳсулот аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шуда, нисбати таҳвилгарони маҳсулоти пастсифат ба кишвар чораҳо маъмурӣ андешида шудааст.

Ғайр аз ин, кормандони Агентӣ ҳудуди 2,5 ҳазор бозичаҳои пастсифати истеҳсоли Чинро низ мусодира намудаанд, ки тариқи қочоқ ба ҷумҳурӣ оварда шудааст.

Директори Агентӣ тавассути ВАО аз шаҳрвандонидаъват ба амал овард, ки дар бораи далелҳои фурӯши маҳсулоти пастсифат дар нуқтаҳои фурӯш ба ин ниҳод хабар диҳанд.

“Нозирони Агентӣ танҳо бо гузашти муҳлати муайян дар нуқтаҳои фурӯш санҷиш гузаронида метавонанд ва фурӯшандагон санаҳои дақиқи санҷишҳоро дониста, дар давраи байни ин санҷишҳо маҳсулоти пастсифатро ба фурӯш гузошта метавонанд, – шарҳ дод ӯ. – Дар давраҳои байни санҷишҳо кормандони мо танҳо баъди ворид шудани арзу шикоят аз ҷониби истеъмолгарон нуқтаҳои фурӯшро мавриди санҷиш қарор дода метавонанд”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.