Филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Фестивали байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон

Asia-Plus

Аз 5 то 11 сентябр дар шаҳри Қазони Русия Фестивали XIII байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон доир мегардад.

Бино ба маълумоти кумитаи тадорукоти фестивал, дар барнома намоиши 60 филм аз намояндагони 27 кишвари саросари дунё ба нақша гирифта шудааст.

Ду филми коргардонҳои тоҷик – “Мушкилкушо”-и Умедшо Мирзоширинов ва “Комил”(Камиль)-и Сафарбек Солиев низ дар барномаи фестивал зикр ёфтааст.

Филми “Мушкилкушо” дар номинатсияи “Филмҳои мукаммали ҳунарӣ” (Полнометражные игровые фильмы) ва филми “Комил”(Камиль) дар номинатсияи “Филмҳои мукаммали мустанад” (Полнометражные документальные фильмы) ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Фестивали байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон аз соли 2005 доир гардида, қаблан то соли 2010 “Минбари тиллоӣ” номида мешуд. Фестивал мудом таҳти шиори” Тавассути муколамаи фарҳангҳо – ба фарҳанги муколама” баргузор мешавад.

Муассисони фестивал – Вазорати фарҳанги Тотористон, мақомоти шаҳрдории Қазон ва Шӯрои муфтиёти Русия буда, бо дастгирии Президенти Тотористон баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.