Филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Фестивали байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон

Аз 5 то 11 сентябр дар шаҳри Қазони Русия Фестивали XIII байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон доир мегардад. Бино ба маълумоти кумитаи тадорукоти фестивал, дар барнома намоиши 60 филм аз намояндагони 27 кишвари саросари дунё ба нақша гирифта шудааст. Ду филми коргардонҳои тоҷик – “Мушкилкушо”-и Умедшо Мирзоширинов ва “Комил”(Камиль)-и Сафарбек Солиев низ дар барномаи фестивал зикр […]

Asia-Plus

Аз 5 то 11 сентябр дар шаҳри Қазони Русия Фестивали XIII байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон доир мегардад.

Бино ба маълумоти кумитаи тадорукоти фестивал, дар барнома намоиши 60 филм аз намояндагони 27 кишвари саросари дунё ба нақша гирифта шудааст.

Ду филми коргардонҳои тоҷик – “Мушкилкушо”-и Умедшо Мирзоширинов ва “Комил”(Камиль)-и Сафарбек Солиев низ дар барномаи фестивал зикр ёфтааст.

Филми “Мушкилкушо” дар номинатсияи “Филмҳои мукаммали ҳунарӣ” (Полнометражные игровые фильмы) ва филми “Комил”(Камиль) дар номинатсияи “Филмҳои мукаммали мустанад” (Полнометражные документальные фильмы) ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Фестивали байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон аз соли 2005 доир гардида, қаблан то соли 2010 “Минбари тиллоӣ” номида мешуд. Фестивал мудом таҳти шиори” Тавассути муколамаи фарҳангҳо – ба фарҳанги муколама” баргузор мешавад.

Муассисони фестивал – Вазорати фарҳанги Тотористон, мақомоти шаҳрдории Қазон ва Шӯрои муфтиёти Русия буда, бо дастгирии Президенти Тотористон баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.