Мусодираи беш аз 1 ҳазор тонна маҳсулоти пастсифат

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кормандонии Агентии “Тоҷикстандарт” аз оғози сол беш аз 1 ҳазор тонна маҳсулоти ғайримутобиқ ба меъёрҳо ё муҳлати истифодаашон гузаштаву вайрон ва пастсифатро мусодира намуданд.

Тавре директори Агентӣ Ибодулло Қурбониён зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, миёни маҳсулоти хӯроквории мусодирашуда 71 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 339 тонна равғани растанӣ, 16 тонна маснӯоти макронӣ, 93 тонна маснӯоти қаннодӣ, 69 тонна маҳсулоти ширӣ, 66 тонна консерваҳо, 37 тонна чой, какао, қаҳва, 11 тонна иловаҳои гуногуни ғизойӣ, 10 тонна сабзавоту мева ва дигар маҳсулот ҷой дорад.

Ба гуфтаи Қурбониён, қисмати асосии ин маҳсулот аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон ворид шуда, нисбати таҳвилгарони маҳсулоти пастсифат ба кишвар чораҳо маъмурӣ андешида шудааст.

Ғайр аз ин, кормандони Агентӣ ҳудуди 2,5 ҳазор бозичаҳои пастсифати истеҳсоли Чинро низ мусодира намудаанд, ки тариқи қочоқ ба ҷумҳурӣ оварда шудааст.

Директори Агентӣ тавассути ВАО аз шаҳрвандонидаъват ба амал овард, ки дар бораи далелҳои фурӯши маҳсулоти пастсифат дар нуқтаҳои фурӯш ба ин ниҳод хабар диҳанд.

“Нозирони Агентӣ танҳо бо гузашти муҳлати муайян дар нуқтаҳои фурӯш санҷиш гузаронида метавонанд ва фурӯшандагон санаҳои дақиқи санҷишҳоро дониста, дар давраи байни ин санҷишҳо маҳсулоти пастсифатро ба фурӯш гузошта метавонанд, – шарҳ дод ӯ. – Дар давраҳои байни санҷишҳо кормандони мо танҳо баъди ворид шудани арзу шикоят аз ҷониби истеъмолгарон нуқтаҳои фурӯшро мавриди санҷиш қарор дода метавонанд”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.