БДА: Мо ронандагонро аз соли 2014 огоҳ карда истодаем

Asia-Plus

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон изҳор мекунад, ки ронандагонро доир ба зарурати ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ба шаҳодатномаи нави биометрӣ ва рақамҳои давлатии кӯҳна ба рақамҳои нави меъёрӣ аз соли 2014 огоҳ карда истодааст.

Тавре аз маркази матбуоти Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар доданд, арзу шикояти ронандагон дар бораи аз ҷониби кормандони БДА ҷарима шуданашон барои шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақамҳои давлатии кӯҳна асоси воқеӣ надорад.

“Ин қарорро раҳбарияти Раёсати БДА ҳанӯз соли 2014 қабул карда, мутаассифона, аксари ронандагон ба иҷрои талаботи қарори мазкур шитоб надоранд, – гуфтанд дар Раёсати БДА. – Мо мунтазам тариқи ВАО зарурати ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ба шаҳодатномаи нави биометрӣ ва рақамҳои давлатии кӯҳна ба рақамҳои нави меъёриро хотиррасон мекунем, ҳамчунин доир ба ошкор намудани афроди аз иҷрои ин қарор сарпечида рейдҳо мегузаронем. Шояд муроҷиати навбатӣ тариқи телевизионро бархе ҳамчун навгонӣ қабул кардаанд”.

Рӯзи ҷумъа кормандони БДА бисёре аз ронандагонро боздошта, талаб карданд, ки барои доштани рақами кӯҳна ҷарима пардохт кунанд.

Дар Раёсати БДА хотиррасон намуданд, ки шаҳодатномаҳои ронандагие, ки 10 сол қабл ё пештар аз он гирифта шудааст, муддати ин вақт корношоям шуда, аксҳои онҳо метавонанд ба симои ҳозираи ронанда мутобиқат накунанд.

“Сабаби дигари ивази шаҳодатномаи ронадагӣ аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ гардидани Конвенсияи Вена оид ба ҳаракат дар роҳ мебошад, ки чунин талаботро пеш мегузорад”, – хабар доданд дар Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон.

Ба ронандагоне, ки воситаи нақлиётро бо шаҳодатномаҳои ронандагии намунаи кӯҳна ва рақамҳои қайди давлатии ғайристандартӣ идора менамоянд, тавсия дода мешавад, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин онҳоро ба шаҳодатномаи ронандагии биометрӣ ва рақами қайди давлатии мутобиқ ба стандарти муқарраршудаи давлатӣ иваз намоянд.

Барои иваз намудани шаҳодатномаи ронандагӣ нусхаи шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва барои иваз намудани рақами қайди давлатӣ шиносномаи шахсӣ, шаҳодатномаи техникӣ ва рақами қайди давлатӣ ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА-и маҳалли ҷойи зист пешниҳод карда мешаванд.

Шаҳрвандон барои гирифтани маълумоти бештар метавонанд бо телефонҳои 235-05-12, 235-04-23 ва 235-79-29 муроҷиат намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.