Боздошти бародари президенти Эрон ба иттиҳоми ҷиноятҳои иқтисодӣ

Ҳусейн Фаридун, ёвар ва бародари хурдии Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои иқтисодӣ боздошт шуд. Дар ин бора 16 июл қувваи қазоияи Эрон хабар дод,а аммо ҷузъиёти парвандаро ошкор накардааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон дар як нишасти хабарӣ рӯзи якшанбе […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Ҳусейн Фаридун, ёвар ва бародари хурдии Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон бо гумони даст доштан дар ҷиноятҳои иқтисодӣ боздошт шуд. Дар ин бора 16 июл қувваи қазоияи Эрон хабар дод,а аммо ҷузъиёти парвандаро ошкор накардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Ғуломҳусайн Муҳсини Эжаӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон дар як нишасти хабарӣ рӯзи якшанбе гуфтааст, ки “зидди Ҳусейн Фаридун ва шариконаш дар доираи чанд парванда тафтишот анҷом шуда, бархеи онҳо феълан дар боздоштгоҳанд”.

Ҳусейн Фаридун ёвари Ҳасан Руҳонӣ низ буд. Насаби президенти Эрон пештар Фаридун буд, вале баъдан онро ба Руҳонӣ иваз кард. Сиёсатмадорони муҳофизакори Эрон муддатҳост, бародари Руҳониро дар содир кардани ҷиноятҳои молӣ ва фасодкорӣ айбдор мекунанд.

Моҳи январи соли равон як гурӯҳи вакилони порлумони Эрон хостанд, ки Фаридун барои анҷоми ҷиноятҳои иқтисодӣ ба додгоҳ кашида шавад. Вале мунаққидон гуфтанд, ки ин дархост ангезаи сиёсӣ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.