Хориҷ шудани Гулмурод Ҳалимов аз рӯйхати Интерпол ва тааҷҷуби ВКД Тоҷикистон

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ному насаби собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ пайваста, аз соли 2015 таҳти пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт, аз рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯи Созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) хориҷ шудаааст.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин робита изҳор мекунанд, ки ба Интерпол чунин даохост нафиристодаанд ва аз ин амал дар тааҷчуб буда, онро ба ҳеҷ гунае шарҳ дода наметавонанд.

«Мо вобаста ба ин масъала ба қароргоҳи Интерпол нома фиристодем, то ки бо кадом сабаб аз ин рӯйхат хориҷ кардани Гулмурод Ҳалимовро бифаҳмем», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Дар Вазорат мегӯянд, то замони боздошт ё тасдиқи расмии марг, ному насаб ва акси Гулмурод Ҳалипов бояд дар сомонаи ВКД Тоҷикистон ва Интерпол дарҷ ёфта бошад.

Рӯзи 15 апрели соли равон маҷаллаи «Таймс» дар бораи кушта шудани собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов маълумот дод, вале маълумоти тасдиқи марги ӯро ВКД Тоҷикистон то ҳол нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки дар Прокуратураи генералии ҶТ нисбати Гулмурод Ҳалимов мутобиқи се моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 305 (Хиёнат ба давлат), 187, қ. 2 (Иштирок дар гурӯҳи ҷиноятпеша) ва 401 (Иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.