Вазири маориф ва сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон узви вобастаи Академияи илмҳо интихоб шуданд

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймумин Ятимов (сиёсатшиносӣ), вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид (фалсафа) ва котиби матбуотии Президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода (таърих) узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуданд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Академияи илмҳои ҶТ иттилоъ дод, муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидӣ (шарқшиносӣ) низ узви […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймумин Ятимов (сиёсатшиносӣ), вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид (фалсафа) ва котиби матбуотии Президенти Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода (таърих) узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Академияи илмҳои ҶТ иттилоъ дод, муовини аввали вазири корҳои хориҷии кишвар Низомиддин Зоҳидӣ (шарқшиносӣ) низ узви вобастаи Академияи илҳои ҷумҳурӣ интихоб шудааст.

Маросими интихоби академикҳо ва узвҳои вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 14 июл доир гардида, 5 академик ва 35 узви вобастаи Академия интихоб шуданд. Ба ин унвонҳо 8 номзад ба академикӣ ва 103 номзад ба унвони узви вобаста довталабӣ доштанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, рӯйхати пурраи академикҳо ва узвҳои вобастаи интихобшудаи Академияи илмҳои ҶТ нимаи дуюми имрӯз нашр хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.