Дархости Тоҷикистон аз Афғонистон ҷиҳати боздошти роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша

Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ҷиҳати боздошту ҳабси роҳбар ва аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки айни замон дар қаламрави Афғонистон амал карда, ба Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол медиҳанду сипас онро ба Русия мефиристанд, ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон нома ирсол кардааст. Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди президенти Тоҷикистон ҷиҳати боздошту ҳабси роҳбар ва аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки айни замон дар қаламрави Афғонистон амал карда, ба Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол медиҳанду сипас онро ба Русия мефиристанд, ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон нома ирсол кардааст.

Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ муайян карда шудааст, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ аз шаҳрвандони Афғонистону Тоҷикистон ва Қирғизистон иборат буда, ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистону Қирғизистон ва минбаъд ба Русия машғуланд.

Сухангӯи Агентӣ полковник Хушнуд Раҳматуллоев ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, ки нимаи моҳи декабри соли 2016 кормандони Агентӣ аъзои фаъоли ин гурӯҳ – шаҳрванди Тоҷикистон Нуралӣ Бобоев ва шаҳрванди Афғонистон Сиддиқи Муҳаммад Зиракро боздошт намуда, зимни боздошт аз онҳо 203 кило ҳашиш дарёфт шуда буд.

Нуралӣ Бобоев бо лақаби “Нурӣ-Қарағоч” роҳбари гурӯҳи тоҷикистонии фаромилии ҷиноятпеша буда, муддати тӯлонӣ ба қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори ниҳоят зиёд машғул буд.

Дар Агентӣ зикр мекунанд, ки ӯ ҳанӯз соли 2005 ҳамроҳи бародараш ҳангоми интиқоли 191 кило маводи мухаддир боздошт шуда буд, ки 100 кило онро маводи сахттаъсири геоин ва 90 килояшро афюн ташкил медод. Ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шуда, пас аз адои ҷазо аз кори пештарааш даст накашида, ба фаъолияти ҷинояткоронаи худ идома дод.

Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, ки ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша шаҳрванди Афғонистон роҳбарӣ мекунад, ки охири моҳи ноябри соли 2016 шахсан қочоқи 203 кило маводи мухадирро ба Тоҷикистон назорат карда буд.

“Узви фаъоли гурӯҳи ҷиноятпеша, шаҳрванди Афғонистон Сиддиқи Муҳаммад Зирак аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада, шахсан маводи мухаддирро аз ҳаммаслаконаш қабул кард ва барои бехатар нигаҳдориву интиқоли минбаъдаи он тибқи маслиҳати пешакӣ, маводи мухаддирро бояд ба роҳбари гурӯҳи тоҷикистонӣ Бобоев медод, – шарҳ дод котиби матбуотии Агентӣ. – Барои интиқоли 203 кило ҳашиш ба хориҷи кишвар ӯ автомашинаи худро ба Зирак медиҳад”.

Зимнан зикр гардид, ки ҳарду қочоқчии маводи мухаддир дар Тоҷикистон маҳкум шуданд: Бобоев ба 20 сол ва Сиддиқи Муҳаммад Зирак – ба 25 соли зиндон. Ғайр аз ин, бо қарори суд 2 автомашинаи тамғаи “БМВ” ва “Опел”, ҳамчунин 6 ҳазор доллар пули нақд ба маблағи умумии 385 ҳазор сомонӣ низ мусодира шуд.

Айни замон Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз ҳамтоҳои афғони худ дархост дорад, ки роҳбари ин гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт ва муҷозот шавад. Ному насаби ӯ ба хотири минбаъд пешгирӣ кардани интиқоли маводи мухаддир ба қаламрави кишвар зикр намегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.