Суди олӣ ба баррасии парвандаи кормандони Агентии зиддифасод шурӯъ мекунад

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати 10 нафар собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст. Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ояндаи наздик парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, вале мурофиаи он пӯшида хоҳад буд. “Онҳо ба […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Парвандаи ҷиноятӣ нисбати 10 нафар собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол шудааст.

Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ояндаи наздик парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, вале мурофиаи он пӯшида хоҳад буд. “Онҳо ба содир намудани ҷиноят даст зада, барои кирдорҳои худ назди қонун ҷавоб мегӯянд”, – таъкид дошт ӯ, вале аз ифшои ҷузиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи апрел як гурӯҳи калони кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз кор озод ва баъдан чанде аз сабукдӯшшудагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Нахуст Фирӯз Холмуродзода, собиқ роҳбари Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод ва сипас собиқ муовини ӯ – Фахриддин Бозоров, собиқ муфатттиши ҳамин раёсат Фирдавс Ниёзбадалов (домоди собиқ котиби Шӯрои амният генерал Амирқул Азимов), муовини раиси Раёсати зиддифасод дар вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳомидзода ва роҳбари шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба ҳабс гирифта шуданд.

Санаи 25 апрел собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзода дар Хуҷанд боздошт шуд. Моҳи январи соли равон ӯ ба нафақа фиристода шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.