Пиров: «Тоҷиксодиротбонк» хароҷотро кам ва нишондиҳандаҳои молиявиро беҳтар кард

Зимни вохӯрӣ бо журналистон раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пирзода изҳор намуд, ки бонк ба кам кардани хароҷот ба таври назаррас маҷбур шуд. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла аз оғози сол хароҷоти марбут ба маоши кормандон – 8,5 млн. сомонӣ, андоз – 1,7 млн. сомонӣ, хароҷоти иҷора – 1,2 млн. сомонӣ ва дигар хароҷотҳо – 12,3 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Зимни вохӯрӣ бо журналистон раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” Тоҷиддин Пирзода изҳор намуд, ки бонк ба кам кардани хароҷот ба таври назаррас маҷбур шуд.

Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла аз оғози сол хароҷоти марбут ба маоши кормандон – 8,5 млн. сомонӣ, андоз – 1,7 млн. сомонӣ, хароҷоти иҷора – 1,2 млн. сомонӣ ва дигар хароҷотҳо – 12,3 млн. сомонӣ кам шудаанд.

Пиров таъкид дошт, ки ҳамчунин шумори ҳайати шахсӣ (штат) аз 1672 нафари моҳи декабри соли гузашта айни замон то ба 641 нафар ихтисор шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин фаъолияти 46 филиалҳои бонк боздошта шуда, дар заминаи аксари онҳо марказҳои хизматрасонии бонкӣ боз шудаанд ва айни замон бонк дорои 40 филиал ва 37 маркази хизматрасонӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, раиси “Тоҷиксодиротбонк” қайд кард, ки нимаи аввали соли ҷорӣ бонк нишондиҳандаҳои молиявитро ба таври назаррас беҳтар кардааст.

“Дороиҳои бонк ба санаи 30 июни соли равон 4 млрд. 311 млн. сомонӣ ва сармояи тавозунии бонк 2 млрд. 540 млн. сомониро ташкил медиҳанд, – иброз дошт ӯ. – Сандуқи қарзӣ – 1 млрд. 128 млн. сомониро ташкил дода, бақияи амонатҳо аз 3 млрд. 11 млн. сомонии 13 декабри соли 2016 айни замон то ба 1 млрд. 771 млн. сомонӣ коҳиш ёфтанд”.

Пиров таъкид дошт, ки айни замон вазифаи асосии бонк баргардонидани қарзҳо ба мизоҷон маҳсуб меёбад.

Раиси бонк ҳамчунин доир ба миқдори маблағҳои баргардонида ба мизоҷон, тарзу усулҳои баргардонидани он ва дигар масъалаҳо низ маълумот дод.

Маълумоти бештар муфассал дар бораи вазъи кор дар “Тоҷиксодиротбонк”-ро дар  маводи шумораи наздиктарини газетаи «Asia-Plus», ки рӯзи панҷшанбе, 20 июл ба нашр мерасад, дарёфт карда метавонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.