Ҳалокати 3 нафар бар асари чаппа шудани қаиқи наҷотбахшон

Дар наздикии деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз як заврақе дар дарёи Панҷ чаппа шудааст, ки 7 нафар дар он савор будаанд. Чор тан аз онҳоро тавонистаанд наҷот бидиҳанд, вале се нафар дигар ғарқ шуда, ҷасади онҳо то ҳол дарёфт нашудааст. Ба гуфтаи Нилуфар Асламшоева, котиби матбуотии раиси ВМКБ, заврақ ба созмони байнулмилалии “Фокус” тааллуқ дошта, дар […]

Asia-Plus

Дар наздикии деҳаи Ширговади ноҳияи Дарвоз як заврақе дар дарёи Панҷ чаппа шудааст, ки 7 нафар дар он савор будаанд. Чор тан аз онҳоро тавонистаанд наҷот бидиҳанд, вале се нафар дигар ғарқ шуда, ҷасади онҳо то ҳол дарёфт нашудааст.

Ба гуфтаи Нилуфар Асламшоева, котиби матбуотии раиси ВМКБ, заврақ ба созмони байнулмилалии “Фокус” тааллуқ дошта, дар корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар кӯле, ки ҳафтаи гузашта бар асари фаромадани ярч пайдо шуда буд, истифода мешудааст.

Ҳалокшудагон корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, корманди милитсия ва як сокини маҳаллӣ будаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 8 июл дар наздикии деҳаи Хостави ноҳияиДарвоз аз ҷониби Афғонистон ярч лағжида, дарёи Панҷро пӯшонд ва дар натиҷа об аз соҳилҳо баромад. Бар асари ин ҳодиса 22 манзили сокинони деҳа ва ҳамчунин як қисмате аз роҳи Хоруғ – Душанбе зери об монд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.