Маҷмааи парлумониро аз ҳисоби маблағҳои Чин месозанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Барои сохтмони маҷмаааи нави парлумони Тоҷикистон дар Душанбе Чин 230 млн. доллар грант ё кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.

“Бо ҷониби Чин дар ин хусус тавофуқи дахлдор ҳосил шудааст”, – гуфт зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи умуми гранти аз ҷониби Чин ҷудомешуда тақрибан 230 млн. долларро ташкил медиҳад.

Аҳмадзода қайд кард, ки бинои нави парлумон дар Душанбе аз чор ошёна иборат буда, лоиҳаи он таҳия шудааст ва корҳои пешакӣ оғоз гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, Аҳмадзода бар ин назар аст, ки дар шароити буҳрони иқтисодӣ тасҳеҳи нақшаҳо оид ба бунёди биноҳои бузурги маъмурӣ мувофиқи мақсад нест.

“Ин воситаҳои грантӣ аст. Гуфтанд, ки бисозед, мо ба шумо восита ҷудо мекунем. Ба мо кумаки бебозгашт мекунанд. Шаҳрвандони мо бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Мо созиш ҳосил кардем, ки ҳатто агар маҷмааҳоро ширкатҳои чинӣ бисозанд ҳам, 80 фоизи коргаронро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод. Ин хуб аст. Пойтахти мо обод шуда, ду маҷмааи нав сохта мешавад. Имрӯз ба мо маблағ ҷудо мекунанд ва мо бояд аз онҳо истифода барем”, – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки қаблан бо истинод ба манбаъҳо аз ҳукумат зикр гардида буд, ки барои сохтмони маҷмааи парлумонӣ дар Душанбе Арабистони Саудӣ дар ҳаҷми беш аз 200 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Аммо баъдан дар намояндагии дипломатии ин кишвар ин маълумотро рад карданд.

Аҳмадзода зикр кард, ки айни замон доир ба пешниҳоди грант аз ҷониби Чин барои сохтмони маҷмааи бинои ҳукумат низ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Маҷмааи нави парлумонии Тоҷикистон майдони 6 гектар дар қаламрави аз гузаргоҳи кӯчаи Теҳрон – хиёбони Рӯдакӣ (майдони «Дӯстӣ») то гузаргоҳи хиёбони Рӯдакӣ бо кӯчаи Шоҳтемур (мавзеи меҳмонхонаи «Тоҷикистон») қомат меафрозад. Маҷмаа дар ҷои биноҳои Вазорати кишоварзӣ, мақомоти шаҳрдории пойтахт, сафорати Эрон ва якчанд биноҳои истиқоматии равоқдор, ки кӯчонида мешаванд, бунёд мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.