Дар Хоруғ мард ҳамдиёрашро парронд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини шаҳри Хоруғ Қосим Абдурасуловро, ки дар куштори ҳамдиёри 27-солаи худ гумонбар дониста мешавад, мавриди ҷустуҷӯ эълон кардааст. Аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ин ҳодиса рӯзона санаи 16 июл рух дода, далели мазкур дар ШВКД шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шудааст. Бар асари муноқиша Қосим Абдурасулов  Алиназар Қамбаровро […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сокини шаҳри Хоруғ Қосим Абдурасуловро, ки дар куштори ҳамдиёри 27-солаи худ гумонбар дониста мешавад, мавриди ҷустуҷӯ эълон кардааст.

Аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ин ҳодиса рӯзона санаи 16 июл рух дода, далели мазкур дар ШВКД шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шудааст.

Бар асари муноқиша Қосим Абдурасулов  Алиназар Қамбаровро парронида, ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Қамбаров дар манзили худаш воқеъ дар маҳаллаи «Бархоруғ» ҳадафи тир қарор гирифтааст.

«Абдурасулов то имрӯз пинҳон шуда, макони будубоши ӯ маълум нест, – хабар дод сухангӯи ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ. – Ҳодисаи мазкур мавриди тафтиш қарор дошта, дар робита ба боздошти гумонбаршуда тадбирҳои дахлдор роҳандозӣ шудааст».

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба сокинони маҳаллӣ дар ин робита менависад, баҳс ҳангоми омодагӣ ба чорабинии бахшида ба 60-умин солгарди имоматии Шоҳзода Карим Оғохон дар маҳаллаи "Бархоруғ"-и шаҳри Хоруғ рух дода, дар ин маърака навори паёми видеоии ҷашни 60-умин солгарди ба тахт нишастан ё имоматии Шоҳзода Оғохони 4 пахш шудааст.

Алиназар Қамбаров дар ин чорабинӣ, ҳамчун ихтиёрӣ, масъули назорати ҷойҳои нишаст будааст. Вақти ҷобаҷокунӣ ин ҷавон ба Қосим Абдурасулов мегӯяд, ки аз як ҷой ба ҷои дигар бинишинад. Дар ҳамин ҷо баҳси лафзӣ дар байни онҳо сар шуда, зоҳиран Қосим худашро таҳқиршуда ҳисоб карда, пас аз чорабинӣ аз хонааш таппончаро гирифтаву ин ҷавонро дар манзили зисташ ба қатл расондааст.

Ёдрас мешавад, ки Қосим Абдурасулов, бародари Ферайдун Абдурасулов аст, ки 21-уми майи соли 2014 дар пайи як амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд. Мақомот ӯро дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мекарданд ва ӯ ҳангоми муқовимати мусаллаҳона ба мақомот ба ҳалокат расид.

Дар пайи ин ҳодиса дар маркази Хоруғ гурӯҳе аз сокинон даст ба гирдиҳамоӣ зада, биноҳои мақомоти қудратиро ба оташ кашиданд.

Сокинон гуфтаанд, истифодаи силоҳ дар баҳс миёни одамони мулкӣ далели ин аст, ки ҳанӯз дар дасти бархеҳо силоҳи ғайриқонунӣ вуҷуд дорад.

Моҳи октябри соли 2016 Фирӯз Одинашоев, дар шаҳри Хоруғ бо силоҳи оташфишон дар «разборка»-и кӯчагӣ ба ҳалокат расид. Моҳи июли соли 2015 Давлат Кименов, сокини 20-солаи ноҳияи Рӯшон низ дар чунин баҳс бо тапонча кушта шуд.

Тобистони соли 2012 дар шаҳри Хоруғ, пас аз кушта шудани Абдулло Назаров, сардори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти мухтори Бадахшон барои боздошти гумонбарон дар ин куштор амалиёти низомӣ анҷом ёфт. Пас аз ин амалиёт телевизиони давлатӣ намоише аз маъракаи ихтиёран супурдани силоҳ дар шаҳри Хоруғ пахш кард. Даҳҳо сокин силоҳи худро ихтиёран ба мақомот супурда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.