Бинокори рақами 1 сабаби поинравии нархи манзилро шарҳ дод

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки сабаби поинравии нархи манзил дар Тоҷикистон на ба камшавии қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ дар шароити буҳрон, балки ба он марбут аст, ки айни замон қариб ҳамаи масолеҳи сохтмони зарурӣ дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд. “Хонаҳо бинобар сабаби коҳиши нархи масолеҳи сохтмон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ Ҷамшед Аҳмадзода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки сабаби поинравии нархи манзил дар Тоҷикистон на ба камшавии қобилияти пардохтпазирии аҳолӣ дар шароити буҳрон, балки ба он марбут аст, ки айни замон қариб ҳамаи масолеҳи сохтмони зарурӣ дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд.

“Хонаҳо бинобар сабаби коҳиши нархи масолеҳи сохтмон тайи солҳои ахир арзон шуданд, зеро қаблан ин масолеҳро мо аз хориҷи кишвар меовардем ва табиист, ки арзиши онҳо баландтар буд, – иброз дошт ӯ. – Акнун мо масалан, сементи истеҳсоли худиро истифода карда, ҳатто онро содирот мекунем. Дар дохили кишвар танҳо арматура истеҳсол намешавад ва агар истеҳсоли онро ҳам ба роҳ монем, манзил бештар дастрас хоҳад шуд”.

Бино ба маълумоти Кумита, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 420 ҳазор метри мукааб манзил ба истифода дода шудааст.

Ба гуфтаи Аҳмадзода, нархи як метри мураббаъ манзил дар Тоҷикистон солҳои охир 150-450 доллар поин рафта, айни замон як метри мураббаъи манзил дар ҷумҳурӣ аз 350 то 500 доллар арзиш дорад.

Барои муқоиса раиси Кумита арзиши як метри мураббаъи манзил дар дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро мисол овард, ки дар Ӯзбекистон – 533-800, Қирғизистон – 650-800 ва Қазоқистон – 1000-1200 долларро ташкил медиҳад.

Ӯ зикр кард, ки буҳрони иқтисодӣ ба суръати сохтмони манзил дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас таъсир нарасонида, дар баъзе самтҳо каме ақибмонӣ ба мушоҳида мерасад, вале асосан корҳои тарҳрезишудаи сохтмонӣ тибқи реҷаи муқарраршуда ҷараён доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.