Ташрифи прокурори генералии Беларус ба Тоҷикистон

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода рӯзи 19 июл дар Душанбе бо прокурори генералии Беларус Александр Конюк дидору гуфтушунид кард. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Агентӣ полковник Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, зимни мулоқот роҳбари Агентӣ ба ҳамсуҳбаташ доир ба вазъ атрофи маводи нашъаовар, роҳу воситаҳои асосии қочоқи он […]

Asia-Plus

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода рӯзи 19 июл дар Душанбе бо прокурори генералии Беларус Александр Конюк дидору гуфтушунид кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Агентӣ полковник Хушнуд Раҳматуллоев хабар дод, зимни мулоқот роҳбари Агентӣ ба ҳамсуҳбаташ доир ба вазъ атрофи маводи нашъаовар, роҳу воситаҳои асосии қочоқи он аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ, ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар муқоиса бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маълумот дод.

Зимни мулоқот Салимзода таъкид доштааст, ки дар доираи ҳамкориҳои байнулмилалӣ бо СҲШ, СААД ва дигар созмонҳо дар самти мубориза бо нашъамандӣ ва қочоқу муомилоти ғайриқонунии он ташаббусҳои гуногуни дуҷониба ва бисёрҷониба роҳандозӣ шудааст.

Прокурори генералии Беларус пешниҳод кардааст, ки соли оянда дар Минск доир ба мушкилоти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо иштироки роҳбарони мақомоти мубориза бо маводи нашъаовари кишварҳои узви ИДМ конфронси байнулмилалӣ гузаронида шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.