Омодагии Тоҷикистон ба оғози кори низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба барқарор кардани кори низоми ягонаи энергетикии минтақа гуфтушунид дошта, имкони пайвастшавии хатҳои барқи Тоҷикистон бо низоми энергетикии Ӯзбекистон аллакай пурра омӯхта шудааст.

Вазири энергетика ва захиарҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин самт аллакай баъзе корҳои мушаххас анҷом дода шуда, Тоҷикистон барои интиқоли барқ ба Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон дар мавсими тобистон имкони техникӣ дорад.

«Агар ҳамсоякишварҳои мо дар мавсими тобистон барқи нисбатан арзон хариданӣ бошанд, бо хатҳои интиқоли барқи мавҷуда метавонанд ба низоми энергетикии мо пайваст шаванд, – гуфт вазир. – Мо тариқи ин хатҳо, ки солҳои тӯлонӣ истифода намешуданд, интиқоли барқро барқарор карда метавонем».

Усмонзода таъкид дошт, ки имкони пайвасти хатҳои барқи Тоҷикистон бо низоми энергетикии Ӯзбекистон пурра аз ҷониби мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик» мавриди омӯзиш қарор гирифта, Тоҷикиситон ба пайваст кардани хатҳои интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар то зеристгоҳ дар қаламрави Ӯзбекистон комилан омода аст.

Ташаккули низоми минтақавии энергетикӣ бо шумули иқтидорҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамчун Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ соли 1991 ба анҷом расида буд. Он аз 83 нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 25 ҳазор МВт иборат буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.