Омодагии Тоҷикистон ба оғози кори низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба барқарор кардани кори низоми ягонаи энергетикии минтақа гуфтушунид дошта, имкони пайвастшавии хатҳои барқи Тоҷикистон бо низоми энергетикии Ӯзбекистон аллакай пурра омӯхта шудааст. Вазири энергетика ва захиарҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин самт аллакай баъзе корҳои мушаххас анҷом дода шуда, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба барқарор кардани кори низоми ягонаи энергетикии минтақа гуфтушунид дошта, имкони пайвастшавии хатҳои барқи Тоҷикистон бо низоми энергетикии Ӯзбекистон аллакай пурра омӯхта шудааст.

Вазири энергетика ва захиарҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин самт аллакай баъзе корҳои мушаххас анҷом дода шуда, Тоҷикистон барои интиқоли барқ ба Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон дар мавсими тобистон имкони техникӣ дорад.

«Агар ҳамсоякишварҳои мо дар мавсими тобистон барқи нисбатан арзон хариданӣ бошанд, бо хатҳои интиқоли барқи мавҷуда метавонанд ба низоми энергетикии мо пайваст шаванд, – гуфт вазир. – Мо тариқи ин хатҳо, ки солҳои тӯлонӣ истифода намешуданд, интиқоли барқро барқарор карда метавонем».

Усмонзода таъкид дошт, ки имкони пайвасти хатҳои барқи Тоҷикистон бо низоми энергетикии Ӯзбекистон пурра аз ҷониби мутахассисони ширкати «Барқи тоҷик» мавриди омӯзиш қарор гирифта, Тоҷикиситон ба пайваст кардани хатҳои интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар то зеристгоҳ дар қаламрави Ӯзбекистон комилан омода аст.

Ташаккули низоми минтақавии энергетикӣ бо шумули иқтидорҳои Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамчун Низоми муттаҳидаи энергетикии Осиёи Марказӣ соли 1991 ба анҷом расида буд. Он аз 83 нерӯгоҳи барқӣ бо иқтидори умумии 25 ҳазор МВт иборат буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.