Ҳосили писта дар Тоҷикистон сол то сол кам мешавад

Директори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон Азизулло Исматзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки имсол дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии тақрибан 103 тонна ҳосили писта дар назар аст, ки дар муқоиса бо солҳои пешин нисбатан камтар аст. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити минтақаи Осиёи Марказӣ аз як дарахти писта 5-7 кило ҳосили писта гирифтан имкон дошта, дар Тоҷикистон […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Директори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон Азизулло Исматзода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки имсол дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии тақрибан 103 тонна ҳосили писта дар назар аст, ки дар муқоиса бо солҳои пешин нисбатан камтар аст.

Ба гуфтаи ӯ, дар шароити минтақаи Осиёи Марказӣ аз як дарахти писта 5-7 кило ҳосили писта гирифтан имкон дошта, дар Тоҷикистон ҳосили онро бо кумаки аҳолӣ тариқи қарордод дастӣ ҷамъоварӣ мекунанд.

«Дар доираи лоиҳаи дастгиришуда аз ҷониби бонки олмонии KFW дар хоҷагиҳои ҷангали озмоишии ноҳияҳои Фархор, Ховалинг, Ванҷ ва ВМКБ 688 га майдони нави ҷангал бунёд ва дар онҳо ҳудуди 750 ҳазор бех дарахтони гуногун шинонида шудааст, ки миёни онҳо писта низ хеле зиёд аст, – гуфт ӯ. – Ин дарахт баъди 6-7 сол ба ҳосил даромада, пас аз 10 сол аз он метавон даромад ба даст овард».

Бино ба маълумоти сарчашмаҳои дигар, ҳосилнокии миёнаи писта дар Тоҷикистон 70-80 кг/га-ро ташкил медиҳад, ки аз нишондиҳандаҳои ҷаҳонӣ хеле камтар аст. Дар Эрон, Юнон, ИМА, Туркия ва дигар кишварҳо аз 1 гектар ба ҳисоби миёна 1-2 тонна ҳосили писта ҷамъоварӣ мешавад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.