Сабти 230 ҷинояти тамоили террористӣ ва ифротгароӣ дар Суғд

Тӯли 6 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 230 ҷинояти дорои тамоили террористӣ ва ифротгароӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 330 чунин ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст. Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра нисбати 248 нафар сокинони вилоят 178 парвандаи ҷиноии марбут ба […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Тӯли 6 моҳи соли равон дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 230 ҷинояти дорои тамоили террористӣ ва ифротгароӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 330 чунин ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст.

Прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин давра нисбати 248 нафар сокинони вилоят 178 парвандаи ҷиноии марбут ба чунин ҷиноятҳо мавриди тафтиш қарор гирифта, 67 парвандаи ҷиноӣ нисбати 97 нафар ҷиҳати баррасӣ ба суд ирсол шудааст.

Ҳабибулло Воҳидов ҳамчунин зикр кард, ки дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ 715 нафар сокинони вилоят таҳсили илм карда, имрӯз аз ин шумор ҳамагӣ 52 нафар боқӣ мондаанд, ки ба таҳсилашон идома медиҳанд.

«Як сокини вилоят аз ноҳияи Ашт, ки дар амалиёти ҷангӣ дар дигар кишварҳо иштирок дошт, ба ватан баргардонида шуд, – иброз дошт прокурор. – Соли гузашта 5 нафар баргардонида шуда буданд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.