Таваҷҷуҳи ширкати фаронсавии Hydrokarst ба бозори Тоҷикистон

Ширкати фаронсавии Hydrokarst ба бахши энергетикии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла ин ширкат метавонад корҳои тозакунии обанборҳо дар нерӯгоҳҳои Норак ва Қайроққумро анҷом диҳад. Бо ин мақсад менеҷери тиҷоратии ширкат Ҷереми Брунет Манкуат ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳадафи ин боздид омӯзиши имконоти энергетикии Тоҷикистон ва ҳамчунин имкони иштирок дар тендерҳои азнавсозии иншооти гидротехникӣ унвон […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Ширкати фаронсавии Hydrokarst ба бахши энергетикии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз ҷумла ин ширкат метавонад корҳои тозакунии обанборҳо дар нерӯгоҳҳои Норак ва Қайроққумро анҷом диҳад.

Бо ин мақсад менеҷери тиҷоратии ширкат Ҷереми Брунет Манкуат ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳадафи ин боздид омӯзиши имконоти энергетикии Тоҷикистон ва ҳамчунин имкони иштирок дар тендерҳои азнавсозии иншооти гидротехникӣ унвон мешавад.

Ба қавли номбурда, ширкати Hydrokarst масъалаи иштирок дар тендер оид ба лоиҳаи корҳои азнавсозии нерӯгоҳҳои Норак ва Қайроққумро мавиди омӯзишу баррасӣ қарор додааст, ки дар корҳои мазкур дар нерӯгоҳи дуюм як ширкати украинӣ ҳам иштирок карда метавонад.

«Мо имкон дорем, ки бидуни партоби об дар чуқурии то 150 метр корҳои тозакунии обанбор аз таҳшинҳоро ба иҷро расонем, ки хеле судманд аст, зеро дар ин ҳолат зимни тозакунии обанбор нерӯи барқ талаф намеёбад», – гуфтааст Брунет.

Ба гуфтаи намояндаи ширкат, тӯли сафари дурӯза дидору гуфтушунидҳо бо раҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи тоҷик» ва ҳамчунин ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудаст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.