Рақамҳои автобусҳои ронандагони қонуншикани пойтахт. Онҳоро ба хотир гиред

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон рӯйхати рақамҳои автобусҳоеро, ки ронандагонашон ҳангоми ҳаракат дар роҳ хеле зиёд ба қонуншиканиҳо даст зада, гузашта аз ин, ҷаримаҳоро пардохт намекунанд, ба нашр расонид. Яке аз мавқеъҳои намоён оид ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар рӯйхати Раёсати БДА-ро автобусҳои мусофирбар ишғол мекунанд. Ҳамин тариқ, ронандаи автобуси «ЛиАЗ-5256», рақами давлатӣ […]

Aваз Юлдошев, Asia-Plus

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон рӯйхати рақамҳои автобусҳоеро, ки ронандагонашон ҳангоми ҳаракат дар роҳ хеле зиёд ба қонуншиканиҳо даст зада, гузашта аз ин, ҷаримаҳоро пардохт намекунанд, ба нашр расонид.

Яке аз мавқеъҳои намоён оид ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар рӯйхати Раёсати БДА-ро автобусҳои мусофирбар ишғол мекунанд.

Ҳамин тариқ, ронандаи автобуси «ЛиАЗ-5256», рақами давлатӣ 0484 ТТ05, ба 114 қонуншиканӣ роҳ додааст.

Ронандаи автобуси тамғаи «ЛиАЗ-5226», рақами давлатӣ 0473 ТТ05, 46 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст.

Дигар ронандаи автобуси «ЛиАЗ-5256», рақами давлатӣ 0483 ТТ05, ҳангоми ҳаракат дар роҳ 42 қонуншиканӣ содир карда, ҷарима напардохтааст.

Ғайр аз ин, дар рӯйхат автобуси тамғаи «ЛиАЗ-5256», рақами давлатӣ 0464 ТТ05 низ зикр шудааст, ки ронандааш ба 39 қонуншиканӣ даст задааст.

Ҳамаи ин автобусҳо дар тавозуни корхонаи воҳиди давлатии «Автобус-1» қарор дошта, ному насаби ронандагон зикр нашудааст.

Ҳамчунин дар рӯйхати интишоршуда дар сомонаи ВКД доир ба дар кадом давраҳо содир шудани ин қонуншиканиҳо маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар садри рӯйхати қонуншиканҳои ҳаракат дар роҳ сокини шаҳри Ваҳдат Абдуалӣ Муродов қарор гирифтааст, ки тибқи маълумоти Раёсати БДА, дар автомашинаи «Мерседес-Бенс»-и худ тӯли ним сол дар роҳҳои пойтахт ба 200 қонуншиканӣ роҳ додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.