Ҳукми 23 соли зиндон ба сокини шаҳри Турсунзода барои қатли бераҳмонаи ҳамдиёраш

Суди олии Тоҷикистон сокини шаҳри Турсунзода Умедҷон Иззатовро барои содир намудани ҷинояти куштори вазнин ба 23 соли зиндон маҳкум кард. Тавре дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, маҳкумшуда дар заминаи хусумати шахсии қаблии бо Абдулҳомид Усмонов доштааш, ки номбурда нисбаташ доимо беэҳтиромӣ карда ӯро таҳқир ва дашном медод, бо мақсади куштори охирон аз ошхонаи […]

Asia-Plus

Суди олии Тоҷикистон сокини шаҳри Турсунзода Умедҷон Иззатовро барои содир намудани ҷинояти куштори вазнин ба 23 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, маҳкумшуда дар заминаи хусумати шахсии қаблии бо Абдулҳомид Усмонов доштааш, ки номбурда нисбаташ доимо беэҳтиромӣ карда ӯро таҳқир ва дашном медод, бо мақсади куштори охирон аз ошхонаи манзили истиқоматиаш корди хоҷагиро гирифта, ба манзили истиқоматии Усмонов А.А., воқеъ дар деҳаи Янгибоғи шаҳри Турсунзода рафта, бо ӯ вохӯрдааст.

«Зимни суҳбат дар ошёнаи дуюми бинои истиқоматии сохтмонаш нотамоми Усмонов А.А., ӯ бо истифодаи корди бо худ доштааш бо сангдилии махсус 14 зарба ба узвҳои ҳаётан муҳими охирон задааст, ки номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода дастрас намудан, аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст», – қайд мешавад дар маълумоти Прокуратураи генералӣ.

Гуфта мешавад, ӯ ба падари Усмонов, ки ба ҳимояти писараш омадааст, низ бо корд ду зарба зада, вале ба табибони маҳаллӣ муяссар мегардад, ки ӯро наҷот диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.