Ба муллоҳои тоҷик сарукори бештар бо компютеру интернет тавсия дода шуд

Ба имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе тавсия дода шуд, ки дар баробари такмили донишҳои динӣ, тарзу усулҳои кор бо комютер ва истифода аз шабакаи инетернетро омӯзанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Маркази исломии Тоҷикистон, доир ба ин масъала дар мавзӯи “Пешгирии тарғиботи ифротгароӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирии он […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ба имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе тавсия дода шуд, ки дар баробари такмили донишҳои динӣ, тарзу усулҳои кор бо комютер ва истифода аз шабакаи инетернетро омӯзанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Маркази исломии Тоҷикистон, доир ба ин масъала дар мавзӯи “Пешгирии тарғиботи ифротгароӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Тоҷикистон”семинари илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардидааст.

Ба ақидаи дастандаркорони чорабинӣ, маҳорату малакаи кор дар интернет ба муллоҳо барои муқовимати шоиста ба таблиғоти терроризм ва ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ кумак мекунад.

Аз иштирокдорони семинар тақвияти корҳо баҳри эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таъсири шабакаҳои иҷтимоие, ки тарғиботи ифротгароиро пешаи худ қарор додаанд ва ба воситаи чунин шабакаҳо ҷавононро ба кишварҳои Сурия ва Ироқ ҷалб месозанд, даъват шуд.

Дар кори семинар имомхатибон ва имомони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе, коршиносон, намояндагони Маркази исломшиносии назди Президенти ҶТ Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ ширкат варзиданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.