Муовини Рустами Эмомалӣ: Ҳама гуна амали мо бояд бидуни хушунат бошад

Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зубайдзода дар робита ба мушкилоти савдои кӯчагӣ дар пойтахт изҳор намуд, ки онҳо тадриҷан ва бидуни тадбирҳои таъҷилӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд. «Мо талош дорем, ки савдои кӯчагиро дар гирду атрофи бозорҳо, нуқтаҳои фурӯш ва ҷойҳои серодам ба тартиб орем, вале ин як вақти муайянеро тақозо мекунад», – […]

Asia-Plus

Муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зубайдзода дар робита ба мушкилоти савдои кӯчагӣ дар пойтахт изҳор намуд, ки онҳо тадриҷан ва бидуни тадбирҳои таъҷилӣ роҳи ҳалли худро пайдо мекунанд.

«Мо талош дорем, ки савдои кӯчагиро дар гирду атрофи бозорҳо, нуқтаҳои фурӯш ва ҷойҳои серодам ба тартиб орем, вале ин як вақти муайянеро тақозо мекунад», – гуфт зимни нишасти хабарии рӯзи 25 июл Зубайдзода.

Ба гуфтаи ӯ, ба савдои кӯчагӣ аксаран занон аз оилаҳои камбизоат машғуланд, ки барои ифтитоҳи дӯкон ё иҷораи ҷойи доимӣ дар бозорҳо шароит надоранд.

«Ин одамонро фаҳмидан даркор аст. Мо кӯшиш дорем, ки ба онҳо кумак кунем, пешниҳод мекунем, ки борашонро дар бозорҳо бидуни пардохти маблағи ҷой савдо кунанд, вале бисёриҳо ба ин розӣ нашуда, чунин мешуморанд, ки бо ин тарз онҳо борашонро тезтар мефурӯшанд. Албатта, ин ҷараёнро метавон пешгирӣ кард, вале мо кӯшиш дорем, ки онро тадриҷан, зина ба зина ҳал кунем. Хеле муҳим он аст, ки ҳама гуна амали мо бидуни зӯроварӣ бошад», – иброз дошт муовини аввали раиси пойтахт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.